МАҚОЛҲОИ МУОСИР

  • Фейсбукро бастан осон асту даҳони мардумро, мушкил
  • Шайхро ҳунар нест, Фейсбук бесоҳиб
  • Баъд аз нисфирӯзӣ ақли ӯзбек медарояд
  • Мардикор шикам надорад
  • Хурӯс бошу «петух» не
  • Як рӯз бошу хурӯс бош
  • Бепул саломро алейк намегӯянд
  • Ба даҳонат нигоҳ карда гап зан!
  • Чашм номард аст.
  • Маълумот оли – калла холӣ
  • Аз маталҳои давраи ҷанги шаҳрвандӣ : “Гапа БТР ҷуқид”
  • Сиёсат – зани ғар аст
  • Дар наомади кор санг сангдон шиканад, атола дандон ва “гоҳе як тири дайду хатти интернетро қатъ кунад”
  • Қонуншиканӣ дар боло — хунрезӣ дар поён
  • Зинда будани ман аз бекафанӣ аст
  • Бо сипохй ( милиса ) ҷ ура нашав, ба занат сири дилатро наг ӯ й ва аз навкиса карз магир
  • Як задани Точй ва сад задани Хочй
  • Деги сиёҳ боло шуд, хешу табор пайдо шуд
  • Барои бист сол мешавад, як ҷаҳон ташаккур гуфт
  • Дар Маскав борон шавад дар Душанбе чатр мегиранд

НЕКИЮ БАДЙ ВА ХИСЛАТҲОИ НЕКУ БАД

  • Обрӯи хушомадгӯй, на дар кӯча, на дар ҷӯй
  • Зарфи дарунхолӣ, овози баланд дорад
  • Зарфи дарунхолӣ ғарқ намешавад
  • Саломи хушомадгӯй бе тамаъ нест
  • Аз “пагоҳ биё” гӯӣ, дасту дилатро шӯй
  • Маст омад девона гурез
  • Девона гурез, ки маст омад
  • Ҳамаро бо як чашм бин
  • Зиёрати калонсолонро одат кун
  • Агар ба касе некӣ кардан наметавонӣ, пас бадӣ накун
  • Сухани хуб садақа аст
  • Девона чу девона бубинад, хушаш ояд
  • Бадгумон бош, дар амон бош
  • Ҳар кӣ тарсид, мурд, натарсид, бурд
  • Худро “Мусичаи бегуноҳ” нишон надеҳ
  • Вақте доро шудӣ, давраи нодориатро фаромӯш накун
  • Бо бадон бад бош бо некон накӯ
  • Шукри чав кунӣ гандум хам мешавад
  • Дари касро бо мушт макуб, ки дари туро бо лагад хоҳанд куфт
  • Шуши накд беҳ аз дунбаи насия
  • Дер ояду шер ояд
  • Нон ҳам нону нонреза ҳам нон
  • Табари мардум тагкундааш аз санг
  • Дар зимистон барф намедиҳад
  • Олими беамал — занбӯри беасал
  • Дар баччагӣ хондан накш дар санг
  • Аз бекор Худо безор
  • Аз мо ҳаракат аз Худо баракат
  • Оруғи одамони доро бӯй надорад
  • Ба боми кас санг маандоз, ки баргашта ба худат мезанад
  • Окибат гургзода гург шавад, Гарчи бо одамон бузург шавад
  • Хар фард, ки баландравӣ кунад, ба пастӣ равад
  • Агар қаҳрат омад, биниятро газ!
  • Акка роҳгардии зоғро ёд мегирам гуфта, роҳгардии худро гум кардааст
  • Нодида дидааст – изорашба р..дааст..!
  • Мурдаро монда тутхурӣ
  • Дар кисааш муш бо асо меравад
  • Шароби бепулро ҳам қозӣ мехӯрад
  • Кур аз Худо чӣ мехоҳад? Ду чашми бино
  • Ҷавоби аблаҳ хомӯшист
  • Он ки туҳмат мезанад, ҳазор бор мекушад ва қотил як бор
  • Якборахӯру – якборамур
  • Себро кирми худаш мехӯрад
  • Муйлабашро табар намебурад
  • Ҳаминқадари дигараш дар таги замин аст
  • Касе оташ гиронд, дудаш ба чашми ман даромад

БУЗУ ГӮСФАНД ВА ГОВУ ГӮСОЛА

  • Бузак намур баҳор меояд, вақти харбузаву хиёр меояд
  • Буз агар хирман мекӯфт, ҳоҷати барзагов набуд
  • Буз ба гӯсфанд хандидааст
  • Фарбеҳиро гусфанд мебардорад
  • Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан
  • Буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу
  • Фарбеҳия гӯсфанд мебардорад на буз
  • Буза танаш хорад, нони чӯпона мехурад
  • Буздилро хатар ёр аст
  • Бузро бо пои худаш меовезанд, гӯсфандро бо пои худаш
  • Тараҳум бар паланги тездандон, ситамгорӣ бувад бар гӯсфандон
  • Буз бо буз меҷангаду пойи меш мешиканад
  • Буз гӯсфандро механдад, дег дегро
  • Даҳмарда бисёр шуд, галла ҳаром мемурад
  • Гӯсолаи мешудагӣ аз пояш маълум
  • Гузари пӯст ба чармгар меафтад
  • Гови бешир овозаш баланд
  • Гусфанди нар-барои қурбонист
  • Гови дар диёри бегона-гӯсола
  • Давидани гӯсола то коҳдон
  • Аз огили холи гови шохзан беҳтар
  • Гови пир кунчора намехӯрад?

САГ ВА ХУРӮС

  • Як рӯз бошу хурӯс бош
  • Бо ҷеғ задани хурӯс, намешавад рӯз
  • Хурӯс бошӣ, ҷеғ зан, мокиён бошӣ, тухм кун
  • Ба умеди фарёди хурӯси ҳамсоя мабош
  • Хурӯс бошу «петух» не
  • Хурӯс дар ҳама ҷо як хел ҷеғ мезанад
  • Камбағалро дар болои шутур саг газидааст
  • Саг меаккад корвон меравад
  • Саг соҳибашро дӯст медорад, гурба хонаи соҳибашро
  • Саг вафо дораду одам не
  • Оши шарикия кучук (саг) нахурдааст
  • Саги устухонхурда андеша мекунад
  • Саг дар хонаи соҳибаш шер аст
  • Вафодориро аз саг биомӯз
  • Саг одамро газад, хабар нест, одам сагро газад, хабари нав аст
  • Саг макони зисташро бо думаш рубучин мекунад
  • Саг вафо, бону ҷафо
  • Шағоли ҷангали Мозандаронро нагирад ҷуз саги мозандаронӣ
  • Саг дар хонаи худ шер аст
  • Саги мо суи маҳтоб меҷакад
  • Гӯшти хару дандони саг!
  • Одами дурусткор ба хотири як қитъа устухон худро ба саг табдил намекунад
  • Дар хонае, ки ду саг ҳаст, барака ҳасту дар хонае, ки ду зан ҳаст, барака нест!
  • Аз саг тарсӣ, гадоӣ накун

ҶАВОНМАРДЙ ВА ҶАВОНИЮ ПИРЙ

  • Худро мард донӣ, дигаронро шер дон
  • Бе пир марав, ки дар амони гарчанд Сикандари замони.
  • Ҷавони каму, пири беш
  • Пирию хартозӣ
  • Пирию харсаворӣ
  • Қарз ҳайзи мард аст
  • Қарз шӯи мард аст

ҶИНСИ ЛАТИФ

  • Гул бе хор намешавад, духтар бе ёр
  • Ош бе пиёз намешавад, духтар бе ноз
  • Духтарро дар рузи боронй хуш намо
  • Духтарбонй – Калъабонй
  • Модарро бину духтарро интихоб кун
  • Хонаеро, ки ду кадбонуст хок то зонуст
  • Хандаи духтарони хона бояд ба гӯш нарасад
  • Дарахти макри зан сад реша дорад,
  • Модар чи гуна духтар намуна
  • Пода бошад, мода ёфт мешава
  • Ҳузур – хузури безанй, фатир пазй худат занй.
  • Зан – муйдарози аклкутох
  • Кадбону зиёд шавад, зувола гум мешавад
  • Мард ба ишқ бозӣ кунад, зан бо ишқ зиндагӣ мекунад
  • Модарашро бину, духтарашро гир
  • Ҳуши оча ба бача, ҳуши бача ба кӯча
  • Духтари гуреза аз никоҳи қозихона
  • Духтарам ба ту мегӯям, келинам ту шунав
  • Духтари саросема тез ба шавҳар намебарояд
  • Хеши зан кайла бизан, хеши шу коса бишу
  • Духтар чи гуна , модар намуна
  • Дустии ду зан – хамеша суикасд нисбати зани сеюм аст
  • Духтари бероха дахонаш тавба кунад хам дигарчояш тавба намекунад
  • Дар хонае, ки ду саг ҳаст, барака ҳасту дар хонае, ки ду зан ҳаст, барака нест!
  • Духтари беноз, фатири бепиёз
  • Духтар, ба ту мегӯям, Келин, гӯш дор

ГАПУ КОР

  • Аввал андеша баъд гуфтор
  • Аз пашша фил масоз
  • Нонро калон гиру, гапро калон не
  • Медонистам – наметавонистам, метавонистам – намедонистам
  • Аз бекор Худо безор
  • Дуруги маслихатомез, бех аз рости фитнаангез
  • Хеч кас дуги худашро турш намегуяд
  • Шахси хирадманд нисбати дуги дигарон бадгӯи намекунад
  • Як гап задам дар масти, дар канчугат барбасти
  • Агар намедони бипурс
  • Пурсидан айб нест
  • Зери коса нимкоса
  • Дарро гуфтам девор шунав
  • Сухани хуб морро аз хонааш баровардааст
  • Сухани хуб сайёди дилҳост
  • Сукут аломати ризост
  • Дахони пушида сад тилло
  • Беэзор бар почаканда механдад
  • Офтобро бо доман пушида намешавад
  • Бепул саломро алейк намегуянд
  • Аз маталҳои давраи ҷанги шаҳрвандӣ : “Гапа БТР ҷуқид”
  • То шамол нашавад, барги дарахт намечунбад
  • Кори хайрро-кӯшиш, кори шарро-пӯшиш
  • Дар кори хайр истихора нашояд
  • Меҳнатро бисёр кун гапро кам
  • Кори шаб хандаи руз
  • Изои бандаи мӯъмин ҳаром
  • Ҳафт бор чен куну, як бор бур
  • Оҳанро дар гармияш мекубанд
  • Захми табар мераваду, захми сухан не
  • Ваъда доди вафо кун қавл доди иҷро кун
  • Пурсон-пусрон, меравӣ Ҳиндустон
  • То набошад чизаке, мардум нагӯянд чизҳо
  • Кудака кор фаромю аз пасаш дав
  • Аз бекори кори бепул хубтар!
  • Шавад обӣ, нашавад лалмӣ
  • Лаклака рафташа не, омадаша бан!
  • Фола охираша бин
  • То шамол набошад, барги дарахт намеҷунбад
  • Гуфтан гавҳар бошад, хомуши тиллост
  • Сухан бисёр дону андаке гуй
  • Сухани хуш морро аз лонааш берун мекашад
  • Сухан сардафтари девони ишк аст
  • Сухандони парварда пири кухан, Бияндешад в-он гах бигуяд сухан
  • Аввал бубин чои худ, баъд бимон пои худ
  • То ранч набари, ганч ба даст наояд
  • Деҳқонӣ бе резу-чош намешавад

ХАР ВА АСП

  • Хари лӯлиро об деҳу пулашро гир
  • Хари вомонда маътали ғелзанист
  • Хари мо аз куррагӣ дум надошт
  • Харро амак гӯю корро пеш бар
  • Дар беамаки хар амак
  • Хар ҳарому кораш ҳалол
  • Марги хар — тӯйи сагон
  • Зӯраш ба хар нарасид, полонашро зад
  • Хар ҳамон хару полонаш дигар
  • Хар аз хар монад гушашро бур
  • Пӯсташ пӯсти хар шудааст
  • Тавқи заррин ҳама бар гардани хар мебинам
  • Хар агар Макка раваду биёяд ҳам, ҳамон хар
  • Хар агар равад Маккаву Мадина, боз ояд, ҳамон хари порина
  • Харат аз об гузашт
  • Пирию хартозӣ
  • Пирию харсаворӣ
  • Каллаи харро болои лаълӣ монанд, мелағжад
  • Гурги бекор, хари бакорро хурдааст
  • Чавро ба ман деҳу баъд харигариро тамошо кун!
  • Бардорад зам кун, набардорад кам кун
  • Аз хар мефарояду аз зин не
  • Хари кӯру оғили танг
  • Хар чӣ донад хӯрдани қанду набот,тӯрбаи каҳ бошаду кунҷи работ
  • Хирс мулло мешавад бо зарби чӯб, вале хар не
  • Хари боркаш, беҳ зи гови шохзан
  • Як тараф хар шуд, тарафи дигар бояд одам шавад
  • Хари боркаш, беҳ зи одами мардумозор
  • Хари корӣ беҳ аз аз одами бекор
  • Хар аз гала монад, ёлу думаш мерезад
  • Ё хар пеши бор ё бор пеши хар
  • Мискин харак орзуи дум кард, Наёфта дум ду гуш гум кард
  • Ҳангии ҳанг аст хари мо, ҳай дакаданг аст хари мо
  • Хар хӯсид, хум шикаст
  • Як хар дар оғили худ, беҳ аз чил асп дар саисхонаи бой
  • Ҳар хар дар оғили хеш хоҷа аст
  • Якравии хар бар зарари худи хар
  • Хари худи бех аз аспи хамсоя
  • Гӯшти хару дандони саг
  • Асп чаҳор пой дошта бошад ҳам, пешпо мехӯрад
  • Аз асп дав, аз соҳибаш ҷав
  • Узангуи тиллои харро асп намекунад
  • Аспро наъл карданд, курбокка хам пояшро дароз кард
  • Худо харро шинохт, шохаш надод
  • Аспи пешкаширо ба дандонаш нигоҳ намекунанд
  • Гар бар хар бор надорӣ, ба вай чӣ кор дорӣ?
  • Дар хӯрдан наҳанг, дар кор хари ланг
  • Касофати як хар бар ҳазор хар
  • Ҳай, афсӯс, ду шох медоштӣ, як оғила пур мекардӣ
  • Аз ноилоҷӣ бӯса ба думи хар мезананд
  • Харро, ки хархон гуфтӣ, худро ба ҷарӣ мепартояд
  • Аспро дар охури хар бандӣ, хар мешавад
  • Хар бошӣ, харигарӣ кун, Хар набошӣ, одамгарӣ
  • Хар аз хар монад гушаша бур
  • Хар аз лағади хар хафа намешавад
  • Аспи хубро як қамчин, аспи бадро сад қамчин
  • Аспбоз зери сум мемурад
  • “Асп дорӣ?”, “Не”, “Хар дорӣ?”, “Не”, “Домод дорӣ“, “Ҳа”, “Биёраш…”
  • Аспи хубро як қамчин, аспи бадро сад қамчин
  • Аспро дар охури хар бандӣ, хар мешавад
  • Асп ёфтаасту майдон наёфтааст

ЧАШМУ ЗАБОН

  • Чашмашро бубин, дилашро бихон
  • Чашми одам — дарё
  • Чашми одам кӯҳро кафондааст
  • Чашмаш серӣ надорад
  • Чашми танги дунёдорро ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр
  • Агар бинӣ набошад, чашмҳо ҳамдигарро мехуранд
  • Дар шахри якчашмахо якчашма шав
  • Касе чашм дорад, мебинад
  • То ба чашм набинӣ, бовар накун
  • Кур як бор дар чох меафтад
  • Чашм номард аст
  • Барои кӯр торику равшан яксон аст
  • Аз дида басе фарқ бувад то ба шунида
  • Гадо гадоро чашми дидан надорад
  • Ба харидор сад чашм камӣ мекунад, ба фурушанда як чашм кофист
  • Кӯри худ, бинои дигарон
  • Чашми бе назар, кури маънавист
  • Шикамсери чашмгурусна, хамеша гурусна аст
  • Чашмгуруснаро Худо сер кунад
  • Шиками гуруснаро хеч кас намебинад, аммо чашми гуруснаро хама мебинад
  • Наздик наё набинамат, дур нарав гург нахурад
  • Чашмҳоро бояд шуст, ҷӯри дигар бояд дид
  • Ба чашмаш нигоҳ карда намешавад
  • Бо теғи нигоҳаш, диламро пора кард
  • Ба даҳонат нигоҳ карда гап зан!
  • Чашм дарвозаи дил аст
  • Аз дида даромада ба дил нишаст
  • Шунидан кай бувад монанди дидан
  • Чашми сер ҳам давлат аст
  • Даҳони баста — сад тило!
  • Аз даҳонаш саги бо занҷир мебарояд
  • Ба даҳонат нигоҳ карда гап зан!
  • Аз даҳонаш алов меборад
  • Бо ҳалво гуфтан, даҳон ширин намешавад
  • Дар даҳонаш об гирифтагӣ

ДЎСТУ ДУШМАН

  • Сирратро ба дӯстат нагӯ, зеро дӯстат низ дӯст дорад
  • Бо дӯстат душманӣ хоҳӣ, қарз бидеҳ
  • Душманат агар айбатро наёбад, мегӯяд; “Думи сагат каҷ
  • Душман хас асту бас
  • Дӯстро дар мусибат мешиносанд
  • Душмани мард беҳ аз дӯсти номард
  • Дӯстонро дар хилват сарзаниш кунед ва дар малои омм таҳсин

САР ВА ЗАБОН